Директори бозори наврасро то марг латкӯбкарда ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд

Date:



Имрӯз дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев, сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди ин хадамот Бобур Юсуфов ба итмом расид.

Суд Рустам Ҷураверо ба 17,5 сол ва Аҳлиддин Файзиеву Бобур Юсуфов ҳар кадомеро ба 16,3 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Рӯзи 

13 апрели соли равон

 дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии ин парванда оғоз гардида буд. Мурофиа озод ҷараён гирифта, ба иштироки рӯзноманигорон дар он монеъа эҷод нагардид.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ 

то марг лату кӯб карда

, навраси дигар бар асари лату кӯби онҳо дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Маҳкумшудагон тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104, қисми 2, бандҳои «в,е,з,к» (Куштани баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, бо бераҳмии махсус, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), аз ҳиссиёти авбошӣ) ва 112 (Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ) гунаҳкор эътироф шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...