9 ноҳияи Бадахшони Афғонистон дар дасти террористон аст

Фаъолони музофоти Бадахшони Афғонистон ҳукуматдорони кишварро огоҳ карданд, ки агар қаламрави музофоти Бадахшонро аз террористон пок насозанд, пас ҳамаро талаф хоҳанд дод. Бино ба иттилои агентии « Ҷ умхур », фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии музофоти бадахшон ҳукукмати марказиро дар нодида гирифтани масъалаи таъмини амнияти дар ин музофот айбдор намуда, изҳор мекунанд, ки имрӯз аллакай 9 ноҳияи […]

ASIA-Plus



Фаъолони музофоти Бадахшони Афғонистон ҳукуматдорони кишварро огоҳ карданд, ки агар қаламрави музофоти Бадахшонро аз террористон пок насозанд, пас ҳамаро талаф хоҳанд дод.

Бино ба иттилои агентии «

Ҷ


умхур


», фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии музофоти бадахшон ҳукукмати марказиро дар нодида гирифтани масъалаи таъмини амнияти дар ин музофот айбдор намуда, изҳор мекунанд, ки имрӯз аллакай 9 ноҳияи музофоти Бадахшон дар дасти террористон аст.

Зимни нишасти хабарӣ дар Кобул онҳо қайд кардаанд, ки агар аз ҷониби ҳукумат дар ин самт чораҳои таъҷиливу муассир андешида нашавад, ноҳияи боқимонда низ таҳти тасрруфи террористон қарор мегиранд. Онҳо гуфтаанд, «санад ва баёноти шоҳидон гувоҳи онанад, ки фишор болои гурӯҳҳои террористӣ дар Бадахшон на он қаддр шадиду муасссир будааст».

Ба андешаи онҳо, маҳз бепарвоии ҳукумат ба он оварда расонидааст, ки имрӯз Бадахшони Афғонистон ба як маркази таҷаммӯъи террористони хориҷӣ ва ифротгароён мубаддал гаштааст.

Агентии

Shafaqna

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки фаъолони ҷомеа ҳамчунин хабар додаанд, ки айни замон 36 нафар хориҷиён – тоҷикону ӯзбекон, чеченҳову қазоқҳо ва панҷобиҳо ба ноҳияи Ҷурми музофоти Бадахшон гузашта дар ҳамлаҳои терроистӣ дар ин музофот иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар музофоти Бадахшони Афғонистон беш аз 1 млн. нафар аҳолӣ иқомат дошта, ин музофот бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд. Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон 

хатти дуюми мудофиаро 

ташкил намуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон,

додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ

барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар доираи

 санҷиши ногаҳонии эълоншуда

 аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки мутобиқи он ҷузъу том ва воҳидҳои низомӣ аз ҳайати Нерӯҳои зудамали Созмон рӯзи 12 май ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд, ҷараёни интиқоли ҳайати шахсӣ ва техника ба минтақаи омодабоши ҷангӣ, ба қаламрави Тоҷикистон

дар арафаи анҷомёбист.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.