Директори бозори наврасро то марг латкӯбкарда ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев, сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди ин хадамот Бобур Юсуфов ба итмом расид. Суд Рустам Ҷураверо ба 17,5 сол ва Аҳлиддин Файзиеву Бобур Юсуфов ҳар кадомеро ба 16,3 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Рӯзи  13 […]

Мавлуда Рафиева



Имрӯз дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев, сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди ин хадамот Бобур Юсуфов ба итмом расид.

Суд Рустам Ҷураверо ба 17,5 сол ва Аҳлиддин Файзиеву Бобур Юсуфов ҳар кадомеро ба 16,3 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Рӯзи 

13 апрели соли равон

 дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии ин парванда оғоз гардида буд. Мурофиа озод ҷараён гирифта, ба иштироки рӯзноманигорон дар он монеъа эҷод нагардид.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ 

то марг лату кӯб карда

, навраси дигар бар асари лату кӯби онҳо дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Маҳкумшудагон тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104, қисми 2, бандҳои «в,е,з,к» (Куштани баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, бо бераҳмии махсус, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), аз ҳиссиёти авбошӣ) ва 112 (Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ) гунаҳкор эътироф шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.