Эҳтимоли аз қарздории зиёд худро ба дор овехтани сарбози рус



Айни замон ду фарзияи даст ба худкушӣ задани Михаил Борисов, хизматчии ҳарбии 21-солаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Қӯрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Ҳайати фармондеҳии ҳавзаи ҳарбии марказӣ ҳамроҳ бо прокуратураи ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа айни замон ду фарзияи марги хизматчии ҳарбии русро баррасӣ доранд, ки яке даст ба худкушӣ задани М.Борисов барои қарздории беҳад зиёд назди судхӯрони маҳаллӣ буда, дигаре кушта шудани сарбоз аз ҷониби қарздиҳандагонаш аст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» дар ин робита аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа.

Бино ба иттилои манбаъ, ин фарзияҳо баъди бозпурсии шоҳидон ва дигар хизматчиёни ҳарбие, ки шахсан бо сарбози фавтида шинос буданд, рӯйи кор омадаанд. «Фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки дар бораи онҳо баъдтар маълумот хоҳем дод», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ҷасади М.Борисов то ҳол мавриди ташхис қарор нагирифтааст, чунки омадани мутахассисони русро мунтазиранд.

Ёдрас мекунем, ки

субҳи рӯзи 14 май

дар майдони ба номи 70-солагии водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади дар дор овезони хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар ин шаҳр дарёфт шуд.

spot_imgspot_img

Популярное