Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 18 майи соли 2015 ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот Н.Зоҳидӣ аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, мудофиа ва амнияти минтақавӣ шинос намуд.
Гуфта мешавад, Низомиддин Зоҳидӣ ба саволҳои намояндагони коллеҷи мазкур дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сармоягузорӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истифодаи васеъ аз иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон дар таъмини рушди устувор, сулҳ ва суботи минтақа посух дод.



