Иҷозаи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ВМКБ



Кумитаи ҷаввонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки қарори манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки санаи 15 май бинобар сабаби вазъи ноамн дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон ҷорӣ гардида буд, бекор карда шуд.

Намояндаи Кумита Наврӯз Қурбонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба хотири таъмини амнияти сайёҳон чанд рӯз қабл додани иҷозатнома ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз ВМКБ

муваққатан манъ гардида,

акнун дубора барқарор шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи ҳафтаи гузашта дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд.

Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон 

хатти дуюми мудофиаро 

ташкил намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное