Писари Асадулло Ғуломов дастаи «Вахш»-ро ба сарпарастӣ гирифт



Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ғаюр», ки директори генералиаш Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов аст, дар лаҳзаи душвор ба дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа» дасти ёрӣ дароз намуда, ин тимро ба сарпарастӣ гирифт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи тоҷикистон, раиси дастаи «Вахш» Исроил Шарифов ба корхона ва директори генералии он миннатдорӣ изҳор намуда, зикр кардааст, ки ин дастгирӣ ҳайати дастаро водор месозад, ки ба натиҷаҳои бештар назаррас дар ин мавсим ноил гарданд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин шарикӣ логотип (нишон)-и ширкати «Ғаюр» муддати ин мавсим дар сарулибоси бозигарони дастаи «Вахш» ҷойгир карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки «Вахш» яке аз дастаҳои маъруфи футболи минтақаи ҷануби кишвар маҳсуб ёфта, тайи солҳои ахир ба мушкилоти ҷиддиии молиявӣ дучор буд. Дастаи «Вахш» барои тими мунтахаб футболбозони зиёде тарбия намуда, солҳои 1997, 2005 ва 2009 дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат ғолиб шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное