Писари Асадулло Ғуломов дастаи «Вахш»-ро ба сарпарастӣ гирифт

Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ғаюр», ки директори генералиаш Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов аст, дар лаҳзаи душвор ба дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа» дасти ёрӣ дароз намуда, ин тимро ба сарпарастӣ гирифт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи тоҷикистон, раиси дастаи «Вахш» Исроил Шарифов ба корхона ва директори генералии он миннатдорӣ изҳор […]

ASIA-Plus



Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ғаюр», ки директори генералиаш Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов аст, дар лаҳзаи душвор ба дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа» дасти ёрӣ дароз намуда, ин тимро ба сарпарастӣ гирифт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи тоҷикистон, раиси дастаи «Вахш» Исроил Шарифов ба корхона ва директори генералии он миннатдорӣ изҳор намуда, зикр кардааст, ки ин дастгирӣ ҳайати дастаро водор месозад, ки ба натиҷаҳои бештар назаррас дар ин мавсим ноил гарданд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин шарикӣ логотип (нишон)-и ширкати «Ғаюр» муддати ин мавсим дар сарулибоси бозигарони дастаи «Вахш» ҷойгир карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки «Вахш» яке аз дастаҳои маъруфи футболи минтақаи ҷануби кишвар маҳсуб ёфта, тайи солҳои ахир ба мушкилоти ҷиддиии молиявӣ дучор буд. Дастаи «Вахш» барои тими мунтахаб футболбозони зиёде тарбия намуда, солҳои 1997, 2005 ва 2009 дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат ғолиб шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.