Арзиши ҳаҷҷи имсола танҳо бо арзи миллӣ пардохт мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба анҷом додани пардохти хароҷоти зоирин дар маросими Ҳаҷ-2015 бо пули миллӣ шартнома ба тасвиб расонид. Бино ба иттилои сомонаи расмии БМТ, тибқи санади мазкур зоирин арзиши хароҷоти сафари ҳаҷро танҳо бо сомонӣ […]

Меҳрангез Турсунзода



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба анҷом додани пардохти хароҷоти зоирин дар маросими Ҳаҷ-2015 бо пули миллӣ шартнома ба тасвиб расонид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии БМТ, тибқи санади мазкур зоирин арзиши хароҷоти сафари ҳаҷро танҳо бо сомонӣ пардохт намуда, хароҷоти минбаъдаи Кумита бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллӣ тавассути мубодилаи маблағҳои бо сомонӣ ҷамъоваришуда таъмин карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки солҳои пешин низ Бонки миллӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи умури дин қурби ягонаи доллар барои ҳамаи зойиринро муқаррар карда баданд, ки мутобиқи он афроди ба ҳаҷ раҳсипор асъорро харида метавонистанд. Масалан, дар мавсими ҳаҷи соли 2014 ин қурб – 4,97 сомонӣ ва соли 2013 – 4,83 сомонӣ муқаррар шуда буд, ки зойирин тибқи ин қурб долларро харида буданд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз арзиши квота барои зойирин муайян карда нашудааст. Кумитаи умури дин инро ба он нисбат медиҳад, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имсол ҳамлу нақли зойирин тариқи ҳавопаймоҳоро ҳамроҳ ба иҷро мерасонанд ва дар ин робита бо назардошти ҳамаи хароҷот, ҷонибҳо бояд ба мувофиқа расанд.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими «Ҳаҷ-2015» 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.