Дастоварди назарраси толибилмони тоҷик дар Олипиадаи Бухарест

Рӯзҳои 14-18-уми майи соли равон дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест Олимпиадаи лоиҳавӣ-илмӣ дар равияи технологияи итилоотӣ – “Infomatrix-2015” баргузор гардид. Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо такя ба гуфтаҳои Илҳом Ҳотамӣ, муовини мудири кулли литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ин олимпиада 700 хонанда аз 51 давлати ҷаҳон бо 353 […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 14-18-уми майи соли равон дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест Олимпиадаи лоиҳавӣ-илмӣ дар равияи технологияи итилоотӣ – “Infomatrix-2015” баргузор гардид.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо такя ба гуфтаҳои Илҳом Ҳотамӣ, муовини мудири кулли литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ин олимпиада 700 хонанда аз 51 давлати ҷаҳон бо 353 лоиҳа ширкат варзидаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро 10 нафар хонанда аз Мактаби байнулмилалии шаҳри Душанбе ва Литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳрҳои Кӯлоб, Турсунзода ва Қурғонтеппа намояндагӣ карда, соҳиби 10 медал шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Искандар Давлатов ва Сироҷиддин Валиев аз литсейи шаҳри Қурғонтеппа сазовори медали тилло, Иброҳим Ниёзов ва Муҳаммад Маҳмудов аз Мактаби байналмилалии Душанбе сазовори медали нуқра, Иброҳимҷон Солиев, Баҳром Саидов, аз Мактаби байналмилалӣ, Саиднуриддин Салимов, Шоҳрух Ҷалолов аз литсейи шаҳри Кӯлоб, Мавлон Асоев, Муҳаммадҷони Насриддин аз литсейи шаҳри Турсунзода сазовори медали биринҷӣ гардиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.