Ҳамлаи ҷангиён ба дидбонгоҳи полис дар Бадахшони Афғонистон

Дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон силоҳбадастони номаълум ба дидбонгоҳи назоратии кормандони мақомоти полис ҳамла карданд. Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷа миёни ҳамлагарон ва кормандони сохторҳои қудратӣ даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, 7 тан аз ҳамлагарон маҳв карда шудаанд, ки чанд тан аз террористони зархариди хориҷӣ низ шомили кушташудагон […]

ASIA-Plus



Дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон силоҳбадастони номаълум ба дидбонгоҳи назоратии кормандони мақомоти полис ҳамла карданд.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷа миёни ҳамлагарон ва кормандони сохторҳои қудратӣ даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, 7 тан аз ҳамлагарон маҳв карда шудаанд, ки чанд тан аз террористони зархариди хориҷӣ низ шомили кушташудагон будаанд.

Гуфта мешавад, дар ин набард 6 силоҳбадасти дигар захмӣ шуда, ба сокинони осоишта зарар нарасидааст ва аз кушташудагон ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва муҳимоти тарканда дарёфту мусодира гардидааст.

Қобили зикр аст, ки вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя 315 километр дуртар аз қисми шимолу шарқии пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул воқеъ мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.