Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии Шӯъбаи хизматрасонӣ бо андозсупорандагони нозироти андози ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Сомонаи расмии Агентии зиддифасод дар шарҳи ин хабар менависад, мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки гумонбаршудагон бо мақсади гирифтани пора дидаву дониста пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи қатъи фаъолият ба шаҳрванд «А»-ро ба дарозо кашидаанд.
Гуфта мешавад, рӯзи 4 май соҳибкор шаҳрванд «А» бар ивази гирифтани маълумотнома оиди қатъ намудани фаъолияти соҳибкориаш, маҷбуран ба талаби шахсони мансабдори номбурда розӣ шуда, барои ошхонаи бӯстонсарои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ҷевони ошхона бо арзиши маблағи 1500 доллари ИМА васл намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел нисбати шахсони мансабдор мутобиқи моддаи 319, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



