Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов оғоз намуд, ки ду ҳафта қабл бе ному нишон ғайб задааст.
Аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи прапоршик аз рӯзи аввали бедарак шуданаш оғоз гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Фароғат Холова ҳамсари прапоршик ба радиои «Озодӣ» дар ин робита
изҳор доштааст
, ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда, гуфтааст, ки ба туйи як ҳамкораш меравад. «Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, ки намеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд», – иброз доштааст ӯ.
Хешону наздикон ва дӯстони Ҷӯрабек Дӯстов, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ 23 сол таҷрибаи корӣ дорад, қотеъона имкони ба Сурия рафтани ӯро рад мекунанд.



