Идомаи ҷустуҷӯи ҷасадҳои дар садама фавтидаи сокинони ВМКБ



Корҳои ҷустуҷӯи се нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 10 рӯз қабл бар асари ҳодисаи нохуш дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ ба ҳалокат расида буданд, идома доранд.

Шаби 16 май дар километри 369-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Дарвоз як кӯҳпораи бузурге ба болои автомашинаи тамғаи «Нисан-Патрул» чаппа шуда, дар натиҷа автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафт ва чор нафар сокинони ВМКБ ҳалок шуданд. Ҷасади як тан аз онҳо дарҳол пас аз ҳодисаи фоҷеабор дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳарчанд маҷрои тези оби дарё мушкилиҳои зиёд эҷод кунад ҳам, наҷотдиҳадагон корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳоро идома медиҳанд.

Бар асари ин садамаи маргбор ронандаи автомашина, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшон Алидод Ниҳолов ва мусофирони автомашина – Саидқадам Худойбердиеви 55-сола, Худойбердӣ Худойбердиеви 43-сола ва ҳамчунин Нилуфар Эмолмназароваи 23-сола дар дарё ғарқ шуда, наҷотдиҳандагон то ҳол танҳо ҷасади ҷавонзанро дарёфт кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное