Медали тиллои Анвар Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалӣ



Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои ҷоизаҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки аз 23 то 29 май дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов,  дар рақобатҳо дар вазни 60 кило бар ҳамаи чаҳор рақибаш аз Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло сарфароз гардидааст.

Гуфта мешавад, ду муштзани дигари тоҷик – Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик як марҳилаи омодагӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳсуб мешуд.

spot_imgspot_img

Популярное