Медали тиллои Анвар Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои ҷоизаҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки аз 23 то 29 май дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов,  […]

ASIA-Plus



Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои ҷоизаҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки аз 23 то 29 май дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов,  дар рақобатҳо дар вазни 60 кило бар ҳамаи чаҳор рақибаш аз Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло сарфароз гардидааст.

Гуфта мешавад, ду муштзани дигари тоҷик – Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик як марҳилаи омодагӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳсуб мешуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.