Маҳфили фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 150-солагии Туғрал

Дар Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон  ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҷалби намояндагони аҳли фарҳанги кишвар ва доираи васеи устодону донишандӯзони ин муассисаи таҳсилоти олӣ, бахшида ба 150-солагии адиб Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин хабар менависад, ҳозирин атрофи кору фаъолияти Нақибхон Туғрал маърӯзаҳои пурмӯҳтаво хонда, […]

ASIA-Plus



Дар Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон 


ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҷалби намояндагони аҳли фарҳанги кишвар ва доираи васеи устодону донишандӯзони ин муассисаи таҳсилоти олӣ, бахшида ба 150-солагии адиб Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин хабар менависад, ҳозирин атрофи кору фаъолияти Нақибхон Туғрал маърӯзаҳои пурмӯҳтаво хонда, аз эҷодиёти ӯ намунаи ашъор қирот ва маънидод кардаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла зикр гардидааст, ки Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар таърихи адабиёти тоҷик бо эҷоди навоваронааш маъруф буда, ин навовариҳо ҳаводорону хонандагони ашъори ӯро бешумор кардааст. Ин ҷанбаҳои эҷодиёташ ашъори ӯро на танҳо то ба имрӯз, балки дар оянда низ ҷовидона нигоҳ медоранд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳамоиш инчунин аз саҳм ва фидокориҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик барои рушду устувории пояҳои адабиёт ёдоварӣ намуда, бо қироати порчаҳои шеърӣ моҳияти афкори ӯ ба ҳозирин шарҳ дода шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.