Агентии зиддифасод маълумоти озод шудани муҳаррири «Шабакаи аввал»-ро рад мекунад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз таҳти ҳабс озод шудани муҳаррири шабакаи давлатии телевизиони «Шабакаи аввал» Хайрулло Мадисоевро, ки ба гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, рад мекунад. Котиби матбуоти Агентии зиддифасод Олимҷон Забирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон тафтиши парванда нисбати Х.Мадисоев ба итмом нарасидааст. «Агар […]

Мавзуна Абдуллоева



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз таҳти ҳабс озод шудани муҳаррири шабакаи давлатии телевизиони «Шабакаи аввал» Хайрулло Мадисоевро, ки ба гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, рад мекунад.

Котиби матбуоти Агентии зиддифасод Олимҷон Забирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон тафтиши парванда нисбати Х.Мадисоев ба итмом нарасидааст. «Агар ӯ мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ зиёни молиявиро ҷуброн карда, ҷаримаро пардохт намояд, метавонад аз ҳабс озод шавад», – зикр кард Забирзода.

Ёдрас мекунем, ки авали моҳи апрел Агентии зиддифасод муҳаррири барномаҳои сиёсии телевизиони «Шабакаи аввал» Хайрулло Мадисоевро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА аз шаҳрванд «Н» боздошт намуд. «Х.Мадисоев ҳамроҳ бо муҳандиси заминсози ҷамоати Лоҳури ноҳияи РӯдакӣАбдусаттор Мирзоев барои миёнаравӣ дар гирифтани қитъаи замин аз сокини ин ҷамоат «Н» 6 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб кардаанд», – хабар дода буд Агентӣ.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати Хайрулло Мадисоев ва Абдусаттор Мирзоев мутобиқи моддаи 247, қ. 4, б. «б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Тамаъҷӯии пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.