Дарёфти ҷасади прапорщики бедаракшудаи Вазорати адлия

Ҷасади прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов баъди 21 рӯзи бедаракшавиаш дар рӯдхонаи Лучоб дарёфт шуд. Дар бораи сабабҳои марги ӯ алҳол маълумот дастрас нест. Рӯзи 29 май ҷасади Ҷӯрабек Дӯстов ба хок супарда шуд. Аввали ҳамин ҳафта аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Ҷасади прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов баъди 21 рӯзи бедаракшавиаш дар рӯдхонаи Лучоб дарёфт шуд.

Дар бораи сабабҳои марги ӯ алҳол маълумот дастрас нест. Рӯзи 29 май ҷасади Ҷӯрабек Дӯстов ба хок супарда шуд.

Аввали ҳамин ҳафта аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита

иттилоъ дода буданд,

ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи прапоршик аз рӯзи аввали бедарак шуданаш оғоз гардида буд.

Хешону наздикон ва дӯстони Ҷӯрабек Дӯстов, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ 23 сол таҷрибаи корӣ дошт, қотеъона имкони ба Сурия рафтани ӯро рад карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Фароғат Холова ҳамсари прапоршик ба радиои «Озодӣ» дар ин робита 

изҳор дошта буд

, ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда, гуфтааст, ки ба туйи як ҳамкораш меравад. «Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, ки намеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд», – қайд карда буд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.