Зепп Блаттер бори панҷум раиси ФИФА интихоб шуд

Зепп Блаттер бори панҷум раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА интихоб шуд ва то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд. Бино ба иттилои Радиои «Озодӣ» , ӯ дар даври аввал 133 раъй гирифта, бо даст кашидани Алӣ бинни Ҳусейн аз рақобатҳо тавонист, ки мақоми худро то соли 2019 ҳифз намояд. Гуфта мешавад, интихоботи раиси […]

ASIA-Plus



Зепп Блаттер бори панҷум раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА интихоб шуд ва то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.

Бино ба иттилои

Радиои «Озодӣ»

, ӯ дар даври аввал 133 раъй гирифта, бо даст кашидани Алӣ бинни Ҳусейн аз рақобатҳо тавонист, ки мақоми худро то соли 2019 ҳифз намояд.

Гуфта мешавад, интихоботи раиси нави Федератсияи ҷаҳонии футбол баъд аз зӯҳри 29 май бо иштироки 209 вакили конгресси ФИФА дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд ва довталабони ин курсӣ – Зепп Блаттер ва Алӣ бинни Ҳусаейн, шоҳзодаи Урдун – буданд.

Аммо ҳардуи ин довталаб натавонистанд дар даври аввал раъйи кофӣ барои пирӯзиро ба даст биоранд. Дар даври аввали ин интихобот номзаде баранда мешавад, ки аз 209 раъйи вакилон ҳадди ақалл 140 овоз бигирад. Вале, бино ба гузоришҳо, Зепп Блаттер 133 раъй ва Алӣ бинни Ҳусейн ҳамагӣ 73 овоз гирифтаанд.

Зикр мегардад, ки барои дар мақоми худ боқӣ мондани Зепп Блаттер аз рақобат даст кашидани Алӣ бинни Ҳусайн “кумак” кардааст. Оқои Блаттер дар суханронии баъд аз пирӯзияш гуфт, пас аз ин дигар довталаби курсии президенти ФИФА нахоҳад шуд, балки баъд аз чаҳор соли дигар ин мақомро ба ҷойнишинаш хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.