Ҳамоиши навбатии соҳибкорони тоҷику қазоқ дар Душанбе

Аввали моҳи июни соли равон дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и пойтахт ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо Агентии миллии содирот ва сармоягузории «KAZNET INVEST»-и назди Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон созмон дода мешавад. Чуноне ки ба «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ дар ин […]

ASIA-Plus



Аввали моҳи июни соли равон дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и пойтахт ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо Агентии миллии содирот ва сармоягузории «KAZNET INVEST»-и назди Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон созмон дода мешавад.

Чуноне ки ба «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ дар ин робита хабар доданд, дар ҳамоиш аз иштироки намояндагони беш аз 20 ширкатҳои содиротии Қазоқистон интизорӣ меравад, ки дар бахшҳои мошинсозиву дорусозӣ ва соҳаи саноати кимиёву истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ фаъолият мекунанд.

«Ҳадафи аслии баргузории ҳамоиш таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо аст», – гуфтанд дар ПСС ҶТ.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир вохӯриҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба ҳукми анъана даромадаанд. Соли гузашта санаи 3 июн ба ин монанд чорабинӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 ширкат аз ҳарду ҷониб ба маблағи беш аз 60 млн. доллари ИМА қарордодҳо ба имзо расиданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи авали соли 2015 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳудуди 160 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки аз рӯи ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишвархои хориҷӣ танҳо аз Русия камтар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.