Парвандаи «пайғамбари охируззамон» ба суд ирсол шуд

Суди олии Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба барррасии парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур»-ро, ки гӯё «даъвои пағамбарӣ дошт», шурӯъ мекунад. Насим Холмуродов, корманди хадамоти матбуоти Суди олии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфаттишони Прокуратури генералӣ тафтиши парвандаи мазкурро ба итмом расонида, онро ба Суди олӣ пешниҳод кардаанд. Нимаи дуюми моҳи […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди олии Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба барррасии парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур»-ро, ки гӯё «даъвои пағамбарӣ дошт», шурӯъ мекунад.

Насим Холмуродов, корманди хадамоти матбуоти Суди олии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфаттишони Прокуратури генералӣ тафтиши парвандаи мазкурро ба итмом расонида, онро ба Суди олӣ пешниҳод кардаанд.

Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола

ба ҳабс гирифта шуда

, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда ва соли 1986 бо даъвои ҳамсараш, ки духтари 16 соларо барои дуохонӣ наздаш оварда буданд ба занӣ мегирад ва бо ин ҷурм ба ду сол маҳкум мешавад. Баъди адои ҷазо ҷониби Ҳисор кӯч мебандад.

Тавре ровии филм мегӯяд: “Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро “Имом Маҳдӣ”, пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад”.  Ровӣ ҳамчунин идома медиҳад, ки: “ба қавли бародарони ташайюъ Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад”.

Қобили зикр аст, ки то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.