Роҳбарони ду ширкат барои дуздии воситаҳо аз фонди президент маҳкум шуданд

Суди олии Тоҷикистон роҳбарони ширкатҳои «Зулола» ва «Анӯшервон»-ро, ки ба дуздӣ аз фонди президенти Тоҷикистон гумонбар дониста мешуданд, ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Аз Суди олии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки роҳбарони ширкатҳои «Зулола» ва «Анӯшервон» Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 294 (Фиреби […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди олии Тоҷикистон роҳбарони ширкатҳои «Зулола» ва «Анӯшервон»-ро, ки ба дуздӣ аз фонди президенти Тоҷикистон гумонбар дониста мешуданд, ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Аз Суди олии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки роҳбарони ширкатҳои «Зулола» ва «Анӯшервон» Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 294 (Фиреби истеъмолкунандагон)- КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардидаанд.

Дар ҷараёни санҷиши махсуси намояндагони Вазорати маориф, мақомоти прокуратура ва Агентии зиддифасод дар фаъолияти ин ширкатҳо қонуншиканиҳо ошкор гардида, аз рӯйи ин далелҳо дар прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зимни мурофиаи судӣ намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Истаравшан изҳор намуд, ки мувофиқи барномаи компютерикунонии мактабҳо лоиҳаи қарори ҳукумат «Дар бораи рушди инноватсионии ҶТ дар солҳои 2011-2010» пешниҳод гардида, маблағгузории он аз ҷониби фонди президенти мамлакат таъмин мешавад.

Ширкатҳои «Зулола» ва «Анӯшервон» дар тендер ғолиб омада, ба мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд 100 адад компютер меоранд, лекин зимни қабули он аз ҷониби раҳбарияти мактабҳо, ошкор мегардад, ки қуттиҳои протсессорҳо холӣ будаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.