Нашри китоби ровии маҳкумшудаи телевизион Муаттара Ҷӯраева

Таҳти унвони «Муҳаббати гумгашта» китоби собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева нашр шуд. Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки теъдоди нашри китоби духтараш 500 нусхаро ташкил медиҳад. Собиқ ровии телевизион дар китоб қиссаи муҳаббати духтари озарбойҷонӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Таҳти унвони «Муҳаббати гумгашта» китоби собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева нашр шуд.

Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки теъдоди нашри китоби духтараш 500 нусхаро ташкил медиҳад.

Собиқ ровии телевизион дар китоб қиссаи муҳаббати духтари озарбойҷонӣ ба ҷавони тоҷикро ба риштаи қалам кашидааст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оилаи духтар аз Тоҷикистон кӯч баста, дилдодагон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, вале баъди фироқи тӯлонӣ боз бо ҳам рӯ ба рӯ меоянд.

Ба қавли модари Муаттара, китоб дар нашриёти «Андалеб» ба чоп расида, ӯ кӯшиш ба харҷ додаст, ки бо ин кор каме бошад ҳам, духтари дар маҳбас қарордоштаашро рӯҳбаланд намояд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 марти соли равон суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муаттара Ҷӯраеваро 

ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Мутобиқи қонуни афв ба муносибати 20-солагии қабули Конститусия, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам шуда, акнун аз муҳлати ҷазои ӯ 5 сол боқӣ мондааст.

Баъди 2 моҳи содир шудани ҳукм, Муаттара Ҷӯраева аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия ба

муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак

гузаронида шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.