Ахири ҳафтаи сипаришуда, рӯзи 30 май раиси Суди олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳузур пазируфт.
Маркази матбуоти ҲНИТ дар шарҳи ин маълумот хабар медиҳад, ки муовинони раиси ҲНИТ
шикояти 189 саҳифагии ҳизбро
аз беамалии Прокуратураи генералӣ, Вазорати дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии ҶТ ва муовинонаш супориданд.
Гуфта мешавад, дар шикоят дар баробари номгӯи фишору қонуншиканиҳои намояндагони ин мақомот дар маҳалҳо, ки дар расонаҳои хабарӣ инъикос ёфтаанд, даҳҳо аризаҳои “сохта”-и ин мақомот аз шаҳрвандони кишвар, ки тибқи баёноти худи эшон аризаҳо таҳти фишор гирифта шудаанд, замима гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқоти беш аз нимсоата бо Ш. Шоҳиён ҳайати ҲНИТ атрофи вазъи сиёсии дохили кишвар сӯҳбат намуда, аз эҷоди фазои номусоид аз тарафи мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрел ҲНИТ аз рӯи ин масъалаҳо бо ирсоли нома ба ниҳодҳои дар боло зикршуда муроҷиат намуд, вале то имрӯз посухе мушаххасе дарёфт накардааст.



