Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе зимни як амалиёт дар канори пойтахт
автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуда, ҳангоми кофтукови автомашина дар махфигоҳи он беш аз 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят – сокини вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир карда шуда, ҳангоми кофтуков аз манзили иҷоравии ӯ дар шаҳри Душанбе тақрибан як килограмм гашиш дарёфт ва мусодира гардид, ки дар умум зиёда аз 11 килро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки ронандаи автомашина бо ҳаммаслаки худ,шаҳрванди Афғонистон, ният доштаанд маводи нашъаоварро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Россия интиқол диҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд,чораҳои зарурӣ андешида шуда, нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.



