Дар АНМН ҳудуди 200 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд



Рӯзи 1 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентӣ полковник М. Ҳайдарзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуда, кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ афсарон дар назди роҳбарияти Агентӣ бо қадами сафӣ гузашта, сипас 

дар толори Агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон: намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, идораи зиддимухаддиротии ШМА иштирок намуданд.

Муовини Директори Агентӣ полковник Ҳайдарзода М. табрикоти роҳбарияти Агентиро ба ҳайати шахсӣ қироат намуда, инчунин меҳмонон низ роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд.

Сипас ба кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуданд.

Дар анҷоми чорабиниҳо дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки комиссияи махсус дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 197 кг 971 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 2 кг 146 гр героин, 13 кг 098 гр афюн, 181 кг 767 гр бангдона сӯзонида шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=vL4acgLL9Xs

spot_imgspot_img

Популярное