Рӯзи 3 июни соли 2015 дар ҳошия иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Ҷавод Зариф мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар партави мувофиқаҳое, ки миёни президентҳои Тоҷикистону Эрон ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
С. Аслов ва Ҷавод Зариф ҳамчунин роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Худи ҳамон рӯз Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ ва зарурати таҳкими робитаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро баҳри тавсеа ва рушди бемайлони ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳо таъкид намуданд.
Дар атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.



