Рӯзи сешанбеи ҳафти оянда Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» иштирок мекунад.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик, Пан Ги Мун дар Душанбе бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, ҳамчунин аз кӯли Сарез низ боздид мекунад.
«Сафари Дабири кулли СММ ба Осиёи Миёна пас аз нишасти «Ҳафтгонаи бузург» (G7) дар Олмон шурӯъ мешавад. Рӯзи 8 уми июн Пан Ги Мун дар вохӯрӣ оид ба терроризм бо шарикон аз G7 ширкат меварзад», – гуфтааст намояндаи расмии Дабири кулли СММ.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дидору гуфтушуниди Дабири кулли СММ бо канслери Олмон Ангела Меркел ва вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар назар буда, сипас Пан Ги Мун ба Тоҷикистон (9 июн), Қазоқистон (10 июн), Қирғизистон (11 июн), Ӯзбекистон (12 июн) ва Туркманистон (13 июн) сафар мекунад.
Ҳамчунин зикр мегардад, зимни сафар ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дабири кулли СММ бо сарони ин кишварҳо ва шахсони воломақоми расмӣ дидору гуфтушунид карда, дар як қатор чорабиниҳои байнулмилалӣ ширкат меварзад.



