«Занги камолот» барои хатмкунандагони мактабҳо

Имрӯз барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон «Занги камолот» садо медиҳад. Мутобиқи фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, чорабинии «Занги камолот» дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи 45 дақиқа, аз соати 8-00 то соати 8-45 гузаронида шуда, машғулиятҳо тибқи ҷадвали дарсҳо баргузор карда мешаванд. Дар чорабинии мазкур гузаронидани ҳама гуна шабнишинӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, […]

ASIA-Plus



Имрӯз барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон «Занги камолот» садо медиҳад.

Мутобиқи фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, чорабинии «Занги камолот» дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи 45 дақиқа, аз соати 8-00 то соати 8-45 гузаронида шуда, машғулиятҳо тибқи ҷадвали дарсҳо баргузор карда мешаванд.

Дар чорабинии мазкур гузаронидани ҳама гуна шабнишинӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, овехтан ва оро додани худ бо лентаҳои ороишӣ ва зангӯла, омадан бо мошинҳои шахсӣ, ба сайругашт, тарабхона рафтани хонандагон қатъиян манъ шудааст.

Чорабинии «Занги камолот» танҳо бо иштироки хонандагони синфҳои 9 ва 11 ташкил карда шуда, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои байналмилалӣ ва

мусобиқаҳои варзишӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли равон мактабҳои таҳсилоти умумиро 111 ҳазору 620 нафар хонандагони синфи 11 ва 167 ҳазору 603 нафар толибилмони синфи 9 хатм мекунанд.

Соли сеюм аст, ки «Занги камолот» дар Тоҷикистон аввали моҳи июн баргузор мешавад. Ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки тамоми барномаи 34-ҳафтаинаи таҳсил иҷро гардад, зеро хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бидуни таътили тирамоҳиву баҳорӣ таҳсил мекунанд, вале муддати як моҳи зимистон истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.