Э.Раҳмон Эронро ба ҷаҳди бештар барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда даъват кард

Нимаи дуюми рӯзи 5 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба ҳайси намояндаи кишвари нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои ин созмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 5 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба ҳайси намояндаи кишвари нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои ин созмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот аз рушди ҳамкории миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тайи даҳ соли охир мунтазам густариш ёфта, алҳол дар оғози марҳилаи сифатан наву баландтар қарор дорад, изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва назорати маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.