Толибон торафт ба марзи Тоҷикистон наздик мешаванд

Пас аз набарди 7-рӯза ҷангиёни ҳаракати «Толибон» вулусволии Юмгони вилояти Бадахшони Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ишғол намуданд. Дар ин бора хабаргузории «Хома» иттилоъ медиҳад. Закариё Савдо, вакилони парлумони Афғонистон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки раҳбарияти нерӯҳои амнияти Афғонистон барои пешгирии тасарруфи вин вулусволӣ дар Бадахшон, талоши кофӣ ба харҷ надодаанд. […]

ASIA-Plus



Пас аз набарди 7-рӯза ҷангиёни ҳаракати «Толибон» вулусволии Юмгони вилояти Бадахшони Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ишғол намуданд. Дар ин бора хабаргузории «Хома» иттилоъ медиҳад.

Закариё Савдо, вакилони парлумони Афғонистон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки раҳбарияти нерӯҳои амнияти Афғонистон барои пешгирии тасарруфи вин вулусволӣ дар Бадахшон, талоши кофӣ ба харҷ надодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори ҷангиёни «Толибон» дар вулусволии Юмгон ҳудуди 300 нафарро ташкил дода, миёни онҳо сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Чеченистон ҳам ҳузур доранд.

Васоити ахбори умуми Афғонистон ҳамчунин иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз нерӯҳои сохторҳои қудратии ин кишвар барои дубора аз толибон озод кардани вулусволии Юмгон ба амалиёти бузургмиқёсе даст задаанд.

Қобили зикр аст, ки вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ аст, ки ҳудуди 33 ҳазор аҳолӣ дошта, аксари онҳо пайравони мазҳаби шиаи исмоилӣ мебошанд. Шумори аҳолии вилоят бошад, қариб 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.