Рухсатии дарозмуддати вакилони тозаинтихоби парлумон баъди 3 моҳи кор

Вакилони даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аввали моҳи март интихоб шуда буданд, баъди ҳудуди 3 моҳи кор ба рухсатии дарозмуддат мебароянд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарори дахлдор қабул шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вакилон […]

Аваз Юлдошев



Вакилони даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аввали моҳи март интихоб шуда буданд, баъди ҳудуди 3 моҳи кор ба рухсатии дарозмуддат мебароянд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарори дахлдор қабул шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вакилон аз 1 июл ба рухсатии меҳнатии пардохтшаванда баромада, санаи 16 афгуст ба кор бармегарданд. Аз 16 август то 1 октябр онҳо дар маҳалҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, ҳамчунин дар кумитаву комиссияҳои парлумон фаъолият мекунанд. Аз 1 октябр бо оғози иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум фаъолияти пурраи вакилон шурӯъ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», тасдиқи Созишнома оид ба шакли табодули нотаҳо миёни ҳукумати ҶТ ва Дафтари САҲА дар ҶТ роҷеъ ба пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дар ин ниҳод кор мекунанд ва масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи савдои байнулмилалии навъҳои ҳайвонот ва набототи ваҳшии мавриди нобудшавӣ қарордошта низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.