Ҳалокати 3 нафар дар садамаи нақлиёт дар 1 рӯз

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ се тан ҷони худро аз даст доданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шабона ҳангоми  ҳаракат  бо роҳи нақлиётгарди кӯчаи Борбади ноҳияи Сино ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 38-солаи сокини пойтахтро пахш […]

ASIA-Plus



Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ се тан ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шабона ҳангоми  ҳаракат  бо роҳи нақлиётгарди кӯчаи Борбади ноҳияи Сино ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 38-солаи сокини пойтахтро пахш намудааст, ки  дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааш, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, санаи нимаи рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод, ҳангоми  ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили  ҳаракати роҳ баромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина: ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Инчунин зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки худи ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми  ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ, ба самти деҳаи Дарёобод аз ӯҳдаи  идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ  баромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашина, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.