Як ширкати Чин барои кишоварзони Хатлон 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё мекунад

Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ду ширкатро аз пардохти андоз аз арзиши изофашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти обёрикунии заминҳо озод карданд. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Умед Давлатзод қайд кард, ки ин ҷо сари ду ширкате сухан […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ду ширкатро аз пардохти андоз аз арзиши изофашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти обёрикунии заминҳо озод карданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Умед Давлатзод қайд кард, ки ин ҷо сари ду ширкате сухан меравад, ки 24 ҳазор гектар замин дар вилояти Хатлонро обёрӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати «Ҷунтай-Хатлон синсилу»-и Чин дар чор ноҳия – Ҷиликӯл, Носири Хусрав, Шаҳритӯс ва Қубодиён барои парвариши пахта 15 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекунад. «Ин қитъаи заминҳо ба чиниҳо ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шуда, ширкат барои фароҳам овардани 30 ҳазор ҷойи корӣ барои кишоварзони ноҳияҳои мазкур уҳдадор шудаааст», – гуфт муовини вазир.

Зикр гардид, ки бо ин мақсад ширкати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 4,8 млн. доллари ИМА қубурҳои пластикӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳоро ворид карда, маблағи аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда зимни воридоти таҷҳизот зиёда аз 1,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Давлатзод ҳамчунин зикр кард, ки ширкати тоҷикистонии «Водии заррин» дар ноҳияи Қумсангир 9 ҳазор гектар заминро азхуд намуда, дар 4,5 ҳазор гектари он пахта парвариш мекунад ва ваъда додааст, ки дар иҷрои ин корҳо беш аз 18 ҳазор шаҳрвандони кишварро бо ҷойи корӣ таъмин месозад. «Дар қисмати боқимондаи замин шолӣ, пиёз ва дигар сабзавоту маҳсулоти кишоварзӣ кишт мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин қайд шуд, ки таҷҳизот (пойгоҳҳои обкашӣ, қубурҳо) ба маблағи зиёда аз 3,2 млн. доллари ИМА харидорӣ шуда, маблағи аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда 700 ҳзор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки маблағи умумии аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшудаи ҳарду ширкат зимни воридоти таҷҳизот ба беш аз 1,9 млн. доллари ИМА баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.