«Шайх Темур» қисман ба гуноҳаш иқрор шуд

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур»-ро, ки гӯё «даъвои пағамбарӣ дошт», дар мурофиаи судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, қисман ба гуноҳаш иқрор шуд. Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбати зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – худсарона азхуд кардани қитъаи замин, таҳқири ҷасадҳои […]

Мавзуна Абдуллоева



Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур»-ро, ки гӯё «даъвои пағамбарӣ дошт», дар мурофиаи судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, қисман ба гуноҳаш иқрор шуд.

Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбати зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – худсарона азхуд кардани қитъаи замин, таҳқири ҷасадҳои фавтидагон ва макони гӯронидани онҳо, тамаъҷӯӣ, серзанагӣ ва монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба қавли адвокат, айбдоршаванда дар мурофиа ба гуноҳҳои худ дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накардааст. Мурофиаи навбатӣ аз рӯи ин парванда 15 июн доир мегардад.

Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола 

ба ҳабс гирифта шуда

, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда ва соли 1986 бо даъвои ҳамсараш, ки духтари 16 соларо барои дуохонӣ наздаш оварда буданд ба занӣ мегирад ва бо ин ҷурм ба ду сол маҳкум мешавад. Баъди адои ҷазо ҷониби Ҳисор кӯч мебандад.

Тавре ровии филм мегӯяд: “Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро “Имом Маҳдӣ”, пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад”.  Ровӣ ҳамчунин идома медиҳад, ки: “ба қавли бародарони ташайюъ Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад”.

Қобили зикр аст, ки то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.