Санаҳои 9 ва 10 июн раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии водии Зарафшон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ноҳияи Айнӣ Абдураҳмон Қодирӣ оромгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрориро зиёрат намуда, ба корҳои азнавбарқароркунии мақбараи шоир ҳусни оғоз бахшид.
Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши сарвари давлат, оромгоҳ ва атрофи он, хона – музеи шоир ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта хоҳад шуд. Барои анҷоми корҳои навсозӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 5 милион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, мувофиқи лоиҳа бунёди мақбараи нав, айвон бо кандакории миллӣ ва фаввора дар назар аст ва ҳамзамон пайкараи шоир дар ин мавзеъ қомат афрохта, атрофи он ба ободониву чароғонкунӣ фаро гирифта хоҳад шуд.
Тибқи супориши раиси вилоят корҳои сохтмониву азнавсозӣ бояд то моҳи октябри соли равон ба итмом расонида шавад. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои рафту омади бароҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин мавзеъ, роҳи автомобилгарди Айнӣ – Зосунро, ки беш аз 5 км аст, аз таъмир бароранд.



