Душанбе ва Вашингтон оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо машварат гузарониданд

Рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вашингтон 5-умин Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба ҳайати кишвари мо дар машваратҳои мазкур […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вашингтон 5-умин Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба ҳайати кишвари мо дар машваратҳои мазкур инчунин муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев, раиси Кумита оид ба масъалаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода ва дигар намояндагони воломақоми ҷумҳурӣ шомил гаштанд.

Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар чорабинӣ ёвари котиби давлатии ИМА хонум Ниша Десай Бисвал роҳбарӣ намуд. Ҷониби ИМА инчунин аз намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ,  Департаменти тиҷорат, Департаменти меҳнат, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар мақомотҳои расмӣ иборат буд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, энергетика ва сармоягузориро муҳокима намуданд. Инчунин табодули назар оид ба ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои амниятӣ, озодии дин ва ВАО ва ҳуқуқи инсон сурат гирифт.

Имрӯз, 17-уми июн мулоқотҳои алоҳидаи ҳайати кишвар бо намояндагони воломақоми ИМА дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.