Дар нишасти хабарии дабири кулли Сомзони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа, ки рӯзи 18 июн дар маркази матбуоти Хабаргузории байнулмилалии «Россия Сегодня» доир гардид, дабири кулли СААД изҳор намуд, ки ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо нисбати кишварҳои узви СААД ҳамеша посухи сазовор дарёфт хоҳад шуд.
«Ман чунин фикр мекунам, ки иқтидори нерӯҳои дар СААД муттаҳидшуда ба муқовимат бо ҳама гуна нерӯҳо дар ҳама гуна миқёс кофӣ аст. Мо гурӯҳҳои дуҷонибаи муштарак, Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамал, Неӯҳои дастаҷамъонаи авиатсионӣ ва дигар воҳидҳои бисёрсоҳавӣ дорем, ки ба таҳдидҳои ҳама гуна миқёс вокуниш нишон хоҳанд дод», – изҳор кард Николай Бордюжа ва илова намуд, ки оқилона истифода кардани нерӯ ва имконоти захирашуда муҳимтар мебошад.
Дабири кулли Созмон қайд кард, ки ба тарҳҳои ИМА оид ба таҳкими воҳидҳои низомӣ дар Аврупо ва афзоиши размоишҳои низомии кишварҳои узви НАТО дар Аврупои Шарқӣ муносибати манфӣ дорад.
Дар робита ба таҳдидҳои бармеомада аз Афғонистон Бордюжа зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса дошта, тамринҳои моҳи май дар ин кишвар доиргардидаи санҷиши омодагии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД, баҳри тайёрӣ ба муқовимати сазовор бо ин ситезаҷӯиҳо нигаронида шуда буданд.
Дар посух ба савол дар бораи афзоиши шумори кишварҳои узви СААД Николай Бордюжа гуфт: «Айни замон барои узвият аризаҳои нав мавҷуд нестанд, вале густариши ҳамкориҳо бо Эрону Чин дар нақша аст».



