Николай Бордюжа: СААД ба ҳама гуна таҳдид ҳамеша посухи сазовор хоҳад дод

Дар нишасти хабарии дабири кулли Сомзони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа, ки рӯзи 18 июн дар маркази матбуоти Хабаргузории байнулмилалии «Россия Сегодня» доир гардид, дабири кулли СААД изҳор намуд, ки ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо нисбати кишварҳои узви СААД ҳамеша посухи сазовор дарёфт хоҳад шуд. «Ман чунин фикр мекунам, ки иқтидори нерӯҳои дар СААД […]

ASIA-Plus



Дар нишасти хабарии дабири кулли Сомзони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа, ки рӯзи 18 июн дар маркази матбуоти Хабаргузории байнулмилалии «Россия Сегодня» доир гардид, дабири кулли СААД изҳор намуд, ки ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо нисбати кишварҳои узви СААД ҳамеша посухи сазовор дарёфт хоҳад шуд.

«Ман чунин фикр мекунам, ки иқтидори нерӯҳои дар СААД муттаҳидшуда ба муқовимат бо ҳама гуна нерӯҳо дар ҳама гуна миқёс кофӣ аст. Мо гурӯҳҳои дуҷонибаи муштарак, Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамал, Неӯҳои дастаҷамъонаи авиатсионӣ ва дигар воҳидҳои бисёрсоҳавӣ дорем, ки ба таҳдидҳои ҳама гуна миқёс вокуниш нишон хоҳанд дод», – изҳор кард Николай Бордюжа ва илова намуд, ки оқилона истифода кардани нерӯ ва имконоти захирашуда муҳимтар мебошад.

Дабири кулли Созмон қайд кард, ки ба тарҳҳои ИМА оид ба таҳкими воҳидҳои низомӣ дар Аврупо ва афзоиши размоишҳои низомии кишварҳои узви НАТО дар Аврупои Шарқӣ муносибати манфӣ дорад.

Дар робита ба таҳдидҳои бармеомада аз Афғонистон Бордюжа зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса дошта, тамринҳои моҳи май дар ин кишвар доиргардидаи санҷиши омодагии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД, баҳри тайёрӣ ба муқовимати сазовор бо ин ситезаҷӯиҳо нигаронида шуда буданд.

Дар посух ба савол дар бораи афзоиши шумори кишварҳои узви СААД Николай Бордюжа гуфт: «Айни замон барои узвият аризаҳои нав мавҷуд нестанд, вале густариши ҳамкориҳо бо Эрону Чин дар нақша аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.