Дар даври 1/4 финалии Ҷоми КФО «Истиқллол» бо «Паханг»-и Малайзия бозӣ мекунад

Рӯзи 18 июн дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии вохӯриҳои давраи чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 баргузор шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, натиҷаҳои қуръакашӣ маълум кард, ки дар ин даври мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо тими «Паханг»-и Малайзия бозӣ мекунад. Гуфта мешавад, бозии аввал миёни ин дастаҳо 26-уми август дар шаҳри Душанбе ва […]

ASIA-Plus



Рӯзи 18 июн дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии вохӯриҳои давраи чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, натиҷаҳои қуръакашӣ маълум кард, ки дар ин даври мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо тими «Паханг»-и Малайзия бозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, бозии аввал миёни ин дастаҳо 26-уми август дар шаҳри Душанбе ва бозии ҷавобӣ 16-уми сентябр дар шаҳри Куантана доир мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки ғолиби ин бозӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, бо дастаи ғолиби вохӯрии байни дастаҳои «Кувейт»-и Кувейт ва «Китчи»-и Гонконг рақобат мекунад.

Ҷуфтҳои дигари давраи ниманиҳоии Ҷоми КФО-2015:

«Аь-Қодсия» (Кувейт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Ҷохор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Гонконг)

СК «Кувейт» (Кувейт) – «Китчи» (Гонконг) 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.