Се рӯзи истироҳат дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ

Дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар Тоҷикистон аз санаи 27 июн таҷлил мегардад, сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳат […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар Тоҷикистон аз санаи 27 июн таҷлил мегардад, сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ва якшанбе рост ояд, рӯзи минбаъдаи корӣ низ истироҳат элон мешавад.

Соли равон санаи 27 июн ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи минбаъдаи корӣ – 29 июн низ истироҳат эълон шуда, ҳамин тариқ, сокинони кишвар се рӯз пайдарҳам – 27, 28 ва 29 июн истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифиани тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятро ба имзо расониданд, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.