Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон хеле гарм мешавад

Дар моҳи шарифи Рамазон (18 июн – 17 июл) дар Тоҷикистон мудом аз гармии хеле зиёди обуҳаво интизорӣ меравад. Аз Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар ин моҳ ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ин моҳ нисбат ба солҳои пешин […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар моҳи шарифи Рамазон (18 июн – 17 июл) дар Тоҷикистон мудом аз гармии хеле зиёди обуҳаво интизорӣ меравад.

Аз Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар ин моҳ ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ин моҳ нисбат ба солҳои пешин боришоти камтар дар назар буда, даҳаи аввали моҳи июл гармии тоқатфарсо оғоз мегардад.

Даҳаи аввали моҳи июл дар водии Ҳисор ва доманакӯҳи вилояти Хатлон болоравии ҳарорат мутаносибан то 44 дараҷа ва 32-37 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад. Дар вилояти Суғд моҳи июл ҳарорат то 41 дараҷа ва навоҳии тобеи марказу шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гармӣ расида, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона ҳарорат 18 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 12 ҳазору 200 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 305 сомонӣ хайр кунанд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шудааст.

Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки имкони рӯзагирӣ надоранд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ маблағ садақа намоянд, яъне ҳар рӯзи моҳи рамазон 10 сомонӣ хайрия диҳанд. Моҳи Рамазон бо Ид-ал-Фитр ё Иди Рамазон ба итмом мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.