Се сокини Панҷакент бо ҳашиш дастгир шуданд



Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда ҳашиш будааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ боз ду нафар сокини маҳаллӣ дастгир гардидаанд, ки маводи нашъаовар аз онҳо харидорӣ карда шуда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол ҷиҳати муайян кардани иштирокчиёни боқимондаи ҷиноят тафтиот ҷараён дошта, боздоштшудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное