170 нафар лейтенантҳои ҷавон ба сафҳои артиш пайвастанд



Ба зиёда аз 170 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рутбаи лейтенант ва дипломи хатми мактаби олии низомӣ супурда шуд.

Тавре як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми навбатии афсарони ҷавон раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, хешону наздикони хатмкунандагон ҳузур доштанд.

«Маросим бо хайрбоди афсарони ҷавон бо Парчами ҷангии Донишкада анҷом пазируфта, ҳамаи хатмкунандагон барои хизмати оянда дар гарнизонҳои саросари кишвар таъинот гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 15 ихтисос афсар тайёр мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Донишкадаро хатмкунандагони худи муассисаи таълимӣ ташкил медиҳанд. 

spot_imgspot_img

Популярное