Тоҷикистон Конвенсияи СИТЕС-ро тасдиқ кард

Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 25 июн Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта – СИТЕС (Convention on International Trade in Endangered Species of Wild Fauna and Flora – CITES)-ро бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи ҳифзи […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 25 июн Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта – СИТЕС (Convention on International Trade in Endangered Species of Wild Fauna and Flora – CITES)-ро бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода қайд кард, ки СИТЕС созишномаи байнулмилалии ҳукуматӣ буда, соли 1973 дар Вашингтон бар асоси қатъномаи Иттифоқи байнулмилалии ҳифзи табиат (IUCN)  тасвиб ва аз 1 июли соли 1975 мавриди амал қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик нашри дуюми «Китоби сурх»-и Тоҷикистон ба чоп мерасад, ки ба он 269 навъи наботот ва 241 навъи ҳайвоноти кишвар шомиланд ва бинобар сабаби хатари нобудшавӣ давлат онҳоро таҳти муҳофизат гирифтааст.

«Пас аз тасдиқи Конвенсияи СИТЕС Тоҷикистон ба додани иҷозатнома барои фурӯши ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта, транзиту ҳамлу нақл ва убури онҳо тариқи қаламрави худ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки тибқи ҳисобу китоби мо, ба буҷети давлат даромади назаррас меорад», – гуфт Ибодзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.