Иқдомоти хайрияи бузургмиқёс дар шаҳри Исфара

Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Исфара як қатор иқдомоти хайрия баргузор шуд, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар сокинони шаҳр аз ҳисоби қишри камбизоати аҳолӣ, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои бесаробонмондаро фаро гирифт. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Баҳром Файзуллоев



Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Исфара як қатор иқдомоти хайрия баргузор шуд, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар сокинони шаҳр аз ҳисоби қишри камбизоати аҳолӣ, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои бесаробонмондаро фаро гирифт.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти ҳукумати шаҳр, сохторҳои давлатии гуногун ва намояндагони ҷамоатҳо 495 нафар сокинони шахрро аёдат намуда, ба онҳо маҳсулоти ғизойӣ, кумаки якдафъаинаи моддӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд. «Ба ин иқдом вакилони маҷлисҳои вилоят ва шаҳр, корхонаву ташкилот ва ҳамчунин соҳибкорон низ саҳм гузоштанд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи И.Тешаев, бо қарори раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода, ба 42 нафар сокинон аз қишри камбизоати аҳолӣ дар ҳаҷми 8400 сомонӣ кумаки моддӣ ва ба 290 нафар бо маҳсулоти ғизойӣ кумак расонида шуда, дар маҷмӯъ 20 тонна орд, 3 тонна равған ва 3 тонна биринҷ тақсим карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин иқдоми хайрия аз ҳама бештар соҳибкорон саҳм гузошта, аз ҷониби онҳо ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ ва хонаи кӯдакони шаҳраки Шӯроб 2,5 тонна орд, 250 кило равған ва 250 кило биринҷ тақдим карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.