Ҳодисаҳои истифода аз силоҳ дар марзи Ӯзбекистон



Дар се қитъаи марзи давлатии Ӯзбекистон бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳодисаҳои ногувор ба вуқӯъ пайвастанд.

Хабаргузории

365info.kz

менависад, шоми рӯзи 28 июн марзбонони ӯзбек сӯйи қаиқи моҳигирон дар рӯдхонаи Сирдарё оташ кушодаанд, ки бар асари он шаҳрванди Қазоқистон Уалихон Аҳмедов ҳалок шуда, ба ҳамроҳи ӯ муяссар шудааст, ки то соҳили Қазоқистон шино карда, паноҳ барад.

Ҳодисаи дуюм ба тирпаронӣ миёни марзбонони ӯзбеку қирғиз рабт дорад, ки дар посух ба огоҳии сарҳадбонони қирғиз ба марзбонони ӯзбек оид ба убур накардани марз ва посбонӣ дар макони муқаррашуда, марзбонони ӯзбек сӯйи ҳамтоҳои қирғизи худ аз силоҳи оташфишон тир мекушоянд.

Гуфта мешавад, аз ин ҳодиса марзбонони қирғиз осеб надида, вале хабаргузории

«Азаттык» (хадамоти қирғизии Радиои Озодӣ)

менависад, аз тирпарронии дуҷониба як марзбони ӯзбек захм бардоштааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи марзи давлатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон, рӯзи 25 июн ду шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Конибодом ба убури марзи давлатӣ дар қитъаи маҳаллаи аҳолинишини Андархони ноҳияи Бешариқ кӯшиш кардаанд.


Podrobno.uz

дар ин маврид иттилоъ медиҳад, ки марзбонон нахуст ба фазо оташ кушода, онҳоро огоҳ намудаанд, вале марзшиканон ба дастури бозистодан итоат накарда, дар натиҷа ба сӯи онҳо аз силоҳи оташфишон тир кушода шудааст, ки бар асари он як тоҷикистонӣ захмиву мунтақил ба бемористони ноҳияи Бешариқ ва ҳамроҳаш боздошт шуда, мақомоти Ӯзбекистон аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное