Кишварҳои узви ИДМ таҳдидҳои ДИИШ-ро арзёбӣ мекунанд



Дар машварати байни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 7 июл дар шаҳри Маскав доир мегардад, масоили марбут ба муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳони имрӯза баррасӣ шуда, иштирокдорони машварат ҳамчунин ба мушкилоти кунунии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин робита менависад, зимни ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои муштараки кишварҳои узви Иттиҳод дар мубориза бо терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои бисёрҷониба ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар ин самт дар арсаи байнулмилалӣ дар назар аст.

«Пешбинӣ шудааст, ки ба арзёбии фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва мушкилоти «ҷангиён-террористони хориҷӣ», баррасии вазифаҳо оид ба муқовимат бо шаклҳои гуногуни зуҳуроти исломгароӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ атрофи масоили муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ҳамчунин таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ табодули назар сурат мегирад.

spot_imgspot_img

Популярное