Пешгӯии гармои шадид дар Тоҷикистон



Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.

«Ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд шабона – то 21-26, рӯзона – 38-43, вилояти Хатлон – шабона 24-29, рӯзона – 40-45, ноҳияҳои Шаҳритӯсу Қубодиён ва Ҷиликӯл, Панҷ ва минтақаи Панҷи Поён – то 45-47 дараҷа гарм шуда, дар дарёҳои ғизогиранда аз ҳисоби захираҳои барф ва пиряҳо (дарёҳои Вахш, Панҷ, Бартанг, Варзоб, Зарафшон ва ғайра) эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад», – омадааст дар маълумоти мутахассисони муассиса.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ (наздикии дарёҳои Сурхоб, Хингоб ва болооби Панҷ) селфароиҳо аз ях (глятсилогӣ) дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное